Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

НЕЪМАТИ БЕБАҲО.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Ш.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тавре маълум аст, бадхоҳони миллати тоҷик дар оғози истиқлоли давлатӣ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ халқи тоҷикро ба гирдоби мухолифат ва муқовиматҳои сиёси кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Мардум оқибатҳои фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва меваи талхи нооромиҳоро чашид, ки ҳанӯз захмҳои барҷогузоштаи он аз дилҳо нарафтаанд.

Дар ин давра касе иродаи сарварӣ намудани халқи парокандаи тоҷикро надошт ва маҳс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҳузури мунаввари хеш дар майдони сиёсат тавонистан, вазъро ба эътидол оварда, давлати аллакай фурӯрехтаро аз нав бунёд созанд.

Яке аз аввалин суханони Раиси навинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ин буд: “Ба хотири барқарории сулҳ ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам”.

Ин аст, ки тамоми давлатҳои манотиқи ҷангзада дастоварди нодири сулҳи моро намунаи мактаби сулҳоварӣ арзёби намуда, мавриди тадқиқ ва истифода қарор медиҳанд.

Новобаста аз нобасомониҳо ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои аввали истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, сулҳу ваҳдатро барқарор намуда, ба эъмори давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дуняви ва иҷтимоӣ даст ёбад, ҳуқуқу озодиҳои инсоро этироф, риоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати ҳудро паёдо намояд.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол бояд қонуни асосӣ ва ё конститутсияи худро дошта бошад. Халқи тоҷик ҳам, ки чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони маҳсуб меёбад, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйипурсии умумихалқи Конститутсияи нави ҳудро қабул намуд. Дар Конститутсия, боби алоҳидае ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва даҳлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъият, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз конститутсияҳои мукаммал дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, дар баробари қонунгузории миллӣ як қатор санадҳои байналмилалӣ, аз қабили Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кудак, Конвенсияи баёналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаҳои онҳо ва дигарҳо ба тасвиб расида, барои амалишавии онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Мо – фарзандони миллати тоҷикро зарур аст, ки бо заҳмати софдилона Ватани худро ободу зебо гардонда, онро пешрафтаю қави намоем, аз ҳар гуна хатарҳои ғаразноки душманон эмин нигоҳ дорем. Бо шукргузорӣ аз даврони истиқлол мо соҳибватану соҳибмиллатонро мебояд, ки бо худогоҳиву худшиносӣва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар пайи муҳофизати меҳану миллату давлати азизамон бо тамоми имконоти  ақлониву ҷисмонӣ содиқона хизмат намоем, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиклоли давлатӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси диёр маҳсуб меёбад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *