Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

З А Б О Н И Д А В Л А Т Ӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эътироф шудааст. Аз ин рӯ бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд. Аз ҷумла, дар асари мондагори худ «Забони миллат – ҳастии миллат» аз таърихи забони тоҷикӣ ёдовар шудаанд, ки он арзиши баланди илмиву маънавӣ дошта, метавонад дар арсаи байналмилалӣ муаррифи забони тоҷикӣ бошад. Тавре Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо номи «Забон ва замон» баён доштаанд, «барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину  дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиямро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям». Бояд гуфт, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаю ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор менамояд, ки барои рушду густариши забони давлатиамон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷи мамлакат камари ҳиммат бандем. Ҳамзамон иқдоми марбут ба ин масъаларо мунтазам байни  тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ сохта, ба роҳ монем. Зеро забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонии миллати мо аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *