Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забони тоҷикӣ қадимтарин пурмаҳсултарин забонҳои ҷаҳон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забони тоҷикӣ аз қадимтарин ва пурмаҳсултарин забонҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин забони шоирона, таърихи беш аз панҷ ҳазор сола дошта, ба қатори забонҳои қадимаи ҷаҳонӣ шомил мешавад. Дар тӯли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз дорад, ки инро осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит менамояд. Маҳз ин аст, ки ба ин забони беолоишу шоиронаамон фарзандони ҷонисори миллати тоҷик баҳри фурӯзон шудани забони тоҷикӣ шаҳду лаззат гирифтанаш ҳамешасаъю кӯшиш намуда, асарҳои оламшумул ба майдон гузошта ва номи тоҷиконро бо забони ноби миллӣ ба тамоми ҷаҳониён муаррифи намудаанд. Боиси тазаккур аст, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, нахустин иқдом барои расидан ба истиқлоли давлатӣ буд. Бешак, дар даврони истиқлоли навини кишвар барои рушду равнақ ёфтани забони тоҷикӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошанд. Бо ташаббуси ин марди наҷиб забони мо дар моддаи 2-юми Конститутсияи кишвар забони расмии давлатӣ шинохта шуда ва ҷойгоҳи баландро соҳиб гардидааст. Ҳамчунин, Сарвари давлат забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта, барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифз намудани он ҳамчун арзиши миллӣ талошҳои зиёд варзидаанд. Мусаллам аст, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти забон бесобиқа мебошанд. Чунки тавонистанд баъди чандин ҳазор сол ин забони шевои шоирона аз нав зиндаву барқарор гардонанд. Сарвари давлат бо сиёсати хирадмандонаи худ 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо гузоштанд. Ин ҳодисаи фаромӯшнашаванда буд, ки марҳилаи беш аз бистсолаи татбиқи Қонуни забонро, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 22-июли соли 1989 қабул гардида буд, бо тағйиротҳо ҷамъбаст намуд. Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме,ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”. Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо соҳибзабонон ин аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *