Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Бахшида ба Рӯзи иди “Забони давлатӣ”.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Наимов А.А.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Боиси ифтихору сарфарозии мо миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузоштан ба ин муқаддасот санаи 05 октябри соли 2009 ба номгӯи ҷашнҳои миллӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, ҳамасола ин санаи муборак ҳамчун рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хоса ва шукргузори аз миллату забони хеш ҷашн гирифта мешавад. Мақсади асосии мо низ аз сазовор истиқбол гирифтани ин санаи мубораку тақдирсоз пеш аз ҳама ҳифзу гироми доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, маҳз аз амали гардидани талаботҳои дар боло зикршуда вобастаги дорад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ гардид. Мақсади асосии барнома ин пеш аз ҳама эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст, истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавӣ, фарҳанги худшиносиву худогоҳӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи забони адабӣ аз унсурҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ ва бегона, танзими истилоҳоти соҳавӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла, номҳои тоҷикӣ, номгузории мавзеъҳои таърихӣ, хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ бо забони давлатиро дар бар мегирад. Беҳтарин ҳадяе, ки Худованд ба инсон додааст, ин забон аст. Маҳз забону сухан, каломи нерубахши инсон буда муносибатҳои қавии инсон ва ҷомеаро ба танзим дароварда, мавқеи инсонро дар ҷомеъа муайян менамояд. Бинобар ин, донистани забони ноби модарӣ, дар такя ба он омӯхтану донистани забонҳои ғайр вусъати ҷаҳонбинии шахсро пурмуҳтаво мегардонад. Яке аз шартҳои мавҷудияти ин ё он қавму миллатро низ забони давлатӣ муайян менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардида, коргузорӣ ва муносибатҳои мухталифи ҷомеъа бо ҳамин забон ба расмият дароварда мешавад. Дар арсаи байналмилалӣ низ давлату ҳукуматҳоро тавассути забонашон мешиносанд, ҳамкориҳои судманди ҳасанаро ба роҳ мемонанд. Забон аз рукнҳои асосии ин ё он давлату ҳукумат маҳсуб меёбад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *