Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Гарчи ҳиндӣ дар узуббат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Суханрониҳои Пешвои муаззами миллат бо забони шевою шоиронаи тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Мутаҳид боиси ифтихор ва таваҷуҳи тоҷикзабонони рӯи дунё гашта буд, зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. Бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат «омили муҳими ташаккули миллат» ва «рукни асосии давлат» шинохтани забон, эълом доштани соли 2008 ҳамчун Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, қабул ва амалисозии чандиндафъаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди он ва тадбирҳои зиёди дигар, дастовардҳои миллатро дар самти таъмини умумияти забонӣ боз ҳам афзунтар намудаанд. Ногуфта намонад, ки забони тоҷикӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 22 июли соли 1989 таҳти №150 «Дар бораи забон» муайян   кардааст, ки ҳамасола то соли 2009- ум таҷлили   он расман баргузор   мегардид ва ба тавсиб расонидани   қонуни нав аз 5 – октябри соли 2009   таҳти №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин қадамҳои ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забони тоҷикӣ асоси қонунӣ пайдо кард. Ҳамасола 5 –октябр рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки он ба феҳристи   ҷашнҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид   гардидааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатии   кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти   тоҷику   форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гуфтугӯ ва эҷод кардаанд, муаррифкунандаи миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид. Ба ин маънӣ забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи   пуршебу   фарози   халқи куҳанбунёди   тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму   миллати   дунё   ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз   мушкилоту   монеаҳои гуногун гузаштааст. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ,   равобити   дипломатӣ, тиҷорат ва   дигар воситаҳои   иртибот қарор дорад. Ба гуфтаи Сарвари   давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони тоҷикӣ поянда аст. То даме ки миллати   тоҷик ҳаст, забони ӯ пойдор аст». Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *