Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забони тоҷикӣ яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз дар масоили забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ медонанд. Метавон гуфт, ки дар даврони истиқлолият барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна мамониате дар роҳи инкишофи забони давлатӣ вуҷуд надорад. «Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан  ва Забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем». Чунин иброз дошта буданд Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2010.  Қайд кардан ба маврид мебошад,ки  дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин, миллати тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм низ таҷрибаи тӯлонӣ дорад, ки инро осори илмии гузаштаи мо бо он ҳама шӯҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит намудааст. Ҳар яке аз давраҳои ташаккули забони тоҷикӣ дорои суннатҳои хаттӣ буда, меъёрҳои адабии забон дар асоси онҳо шакл гирифтаанд. Аз  ин рӯ, ташаккули ҳар як давраи таърихӣ бар асоси осори хаттӣ мутобиқи меъёрҳои ин давраҳо мушаххас карда мешавад. Забони тоҷикӣ  дар ҳама даврони таърихӣ дар сабки адабии хаттӣ ва дар мақоми забони расмӣ ташаккул ва таҳаввул намудааст. Забонеро, ки гузаштагони мо ба ин шевоӣ ва ғановат ба мерос гузоштаанд, ҳамчун муқаддасоти миллӣ бояд ҳифз кард. Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд менамояд. Забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд.  Забон ин пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст. Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи фарзанди барӯманди миллат, Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад. Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *