Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ЗАБОН МУАРИФГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забон худ ин сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор рафта, баҳри камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсондустиву инсонпарварӣ хидмат мекунад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, байни онҳо решаи дӯстӣ ба вуҷуд меорад.

Забон худ муарифгари давлату миллати хеш мебошад. Маҳз ин забони нобу шоиронаи тоҷикиамон мебошад, ки имрӯз аҳли сайёра моро бо номи “тоҷикон” давлатамонро бо номи “Тоҷикистон” ва забонамонро бо номи “забони тоҷикӣ” мешиносанду эътироф мекунанд.

Гуфтаҳои дар боло зикршуда гувоҳи онанд, ки мо бояд барои боз ҳам устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намуда, ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш намуда, нақш ва мақоми забони давлатиамонро дар арсаи байналмилалӣ бахуссус байни дигар забонҳои олам баланд бардорем.

Барои расидан ба ин ҳадаф мо соҳибзабонони дохил ва бурунмарзи кишваро зарур аст, ки дар мади аввал “забони модарии худро дӯст дорем, дар сатҳи баланди забондонӣ омӯземаш, ҳифзаш кунем ва ба қадраш бирасем ва аз тарафи дигар сатҳи забондонӣ ва маданияти сухангуии худро баланд бардошта барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модари ва риояи меъёрҳои забони адабӣ пайваста кӯшиш намуда, ҳама гуна барнома ва қонунҳое, ки баҳри рушд ва инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ қабул мешаванд, дастаҷамъона ва холисона дастгири намуда, ба таърих, фарҳанг, тамадун, забон ва урфу одатҳои миллии хеш арҷ гузошта аз истифодаи фарҳанг, тамадун ва урфу одатҳои барои миллатамон бегона худорӣ намоем.

Роҷеъ ба ин масъала Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханрониҳояш қайд менамояд, ки «Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.

Зеро, ки таърих гувоҳ аст, ки зимни роҳ додан ба беэътиноӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва истифодаи фарҳанг, тамадун ва урфу одатҳои барои миллатамон бегона метавонад ба нестшавии забон, таърих, миллат фарҳанг ва урфу одатҳои миллати хеш гардад. Дар чунин замина миллат низ дер ё зуд тафакур ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст медиҳад.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар мадди аввал забони модарии худро пурра омӯзем, ҳифз кунем ва ба қадраш бирасем. Зеро, ки «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *