Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимои, тањкими ќонуният ва рушди љомеаи демократию њуќуќбунёд, њифзи њуќуќу озодии инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо,  наќши муњим дорад.

Маќсаду вазифањои Њукумату давлати Тољикистон  дар шароити имрўза, њадафи стратегии љомеаи навини тољикон эъмори давлати демократї, њуќуќбунёд, иљтимої ва дунявї, таъмини волоияти ќонун ва амнияти љомеа, тањкими дастовардњои истиќлолият, њимояи манфиатњои умумимиллї ва ташаккули љомеаи шањрвандї мебошад.

Дар ин замина Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њокимияти судиро њамчун рукни мустаќили давлат эътироф намудааст, ки он бояд бањри тањкими ќонуният ва таъмини адолати иљтимої, сохтмони љомеаи демократи њуќуќбунёд наќши сазовор дошта бошад.Воќеан пойдории давлат ва баќои он ба адолати судї эњтиёљ ва пайвастагии ногусастанї дорад.

Бо маќсади тањкими њокимияти судї дар Љумҳурии Тоҷикистон давра ба давра барномањои давлатї, аз љумла барномањои ислоњоти судї-њуќуќї ќабул карда шудаанд.

Чунончӣ дар асоси Фармони Президенти Љумҳурии Тоҷикисттн аз 19.04.2019 сол, №1242 Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2019-2021 тасдиќ карда шуд.

Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар ЉТ барои солњои 2019-2021 идомаи барномањои пешинаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Тољикистон мебошад, ки ба Паёми  Президенти ЉТ «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии ЉТ» аз 26 декабри соли 2018 асос ёфта, амалисозии тадбирњои заруриро љињати боз њам тањким бахшидани њокимияти судї ва такмили ќонунгузорї доир ба фаъолияти судњо, хадамоти иљро, маќомоти њифзи њуќуќ ва дигар маќомоти њокимияти давлатї пешбинї менамояд.

Бо назардошти пешрафти љомеа ва бо ба миён омадани муносибатњои нави љамъиятї, таъмини адолати судї мутобиќ ба стандартњои байналмилалї ва меъёрњои санадњои њуќуќии миллї, тањкими кафолати њифзи судии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ислоњоти судї-њуќуќї дар кишвар идома дорад.

Љињати таъмини иљроиши барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2019-2021 ва тањкими фаъолияти маќомоти судї, ба як ќатор  ќонунњо ва кодексњо таѓйироту иловањо ворид карда  шуда, бо маќсади сари ваќт ба љомеа расонидани иттилоот аз кори судњо, тањкими боварии мардум ба њокимияти судї ва такмилил ќонунгузорї вобаста ба самтњои дигари фаъолияти маќомоти судї, Ќонуни ЉТ  «Дар бораи таъмини дастрасї ба иттилоот оид ба фаъолияти судњо» ќабул карда шуд.

Маќсад ва вазифањои Барнома аз такмили сохтор ва тањкими фаъолияти судњо љињати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиати давлат, ташкилотњо, ќонунияту адолат, назорати иљрои сариваќтии санадњои судї, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судњо, бењтар намудани вазъи иљтимоии судяњо ва кормандони дастгоњи судњо, инчунин такмили ќонунгузорї дар ин самт иборат мебошад.

Бешак метавон гуфт, ки фаъолияти њокимияти судї дар самти њифзу њимояи њуќуќу озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолат хубу босамар аст.

Қонуни зикргардида санаи 25 июни соли 2021,таҳти№ 1783 қабул гардида, он аз 6 боб ва 26 модда иборат мебошад.Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро муқаррар  намуда,муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд.

Дар Қонун як қатор мафҳумҳои асосӣ истифода шудаанд, аз ҷумла: дастрасӣ ба иттилоот – ба даст овардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур; иттилоот оид ба фаъолияти судҳо – иттилооте, ки аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон омода карда шудаанд, санадҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои мушаххас ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд; судҳо – Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, ки низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд; истифодабарандаи иттилоот – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро дархост менамояд, ба даст меорад ва истифода мебарад; санади судӣ – фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарор, ки бо тартиби мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бароварда шудаанд.

Дар моддаи 2 Қонун амали он инъикос гардида мувофиқи талаботи моддаи мазкур амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба  дастрасии истифодабарандаи иттилоот оид ба фаъолияти судҳо вобастаанд.Агар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳоди иттилоотро пешбинӣ намояд, муқаррароти Қонуни мазкур бо назардошти талаботи он татбиқ мегарданд.

Мувофиқи талаботи моддаи 6 Қонуни мазкур дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:иштироки шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ; интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма; интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи  судҳо; ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо; ба истифодабаранда додани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд ё шинос намудани истифодабаранда бо онҳо; бо дархости истифодабарандаи иттилоот ба ӯ пешниҳод намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо; бо тарзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Қайд кардан ҷоиз аст,ки мувофиқи талаботи моддаи 5 қонун як қатор маҳдудиятҳо ҷиҳати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъоляти судҳоро пешбинӣ менамояд, аз ҷумла дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо маҳдуд карда мешавад, агар иттилоот ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мансуб бошад.

Дар моддаҳои 7 ва 8 шаклҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истифодабарандаи иттилоот пешбинӣ гардида, дар моддаҳои 9 ва 10 тартиби ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо пешбинӣ карда шудааст,ки мувофиқи он  дастрасӣ ба иттилоот бо назардошти талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон амалӣ  карда мешавад.

Боби 3-и Қонун масъалаи пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро ба танзим дароварда, мувофиқи он тартиб ва тарзу усули пешниҳоди иттилоот, дастрасии он, ҷойгиронии он муқаррар гардида, аз тарафи қонун масъалаҳои мазкур пурра ба танзим дароварда шудааст.

Дар боби 4 бошад масъалаи ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма қайд гардидааст,ки мувофиқи он ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади иттилоотонии воқеӣ ва саҳеҳ  оид ба фаъолияти судҳо дар шаклҳои зерин  амалӣ карда мешавад: дастрасии озодонаи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба бино ва сомонаи судҳо, ки дар онҳо иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ҷойгир карда шудаанд, инчунин ҳузур доштани онҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ; пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз рӯи дархости воситаҳои ахбори омма; инъикоси иттилоотонии фаъолияти судҳо, аз ҷумла масъалаҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти зикргардидаро танзим менамояд; иштироки воситаҳои ахбори омма дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳои якҷояи судҳо;шаклҳои дигари ҳамкорие, ки ба қонунгузории ҶТ мухолифат намекунанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *