Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

З А Б О Н И Т О Ҷ И К Ӣ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Таърихи забон, як соҳаи илми забоншиносист, ки масъалаҳои гуногуни пайдоиш, ташаккул, интишор ва инкишофи забонро меомӯзад. Забон чун «муҳимтарин воситаи алоқаи инсонӣ» воҳиди ягонаи пойдору мутаҳаррик, устувору дигаргуншаванда, статикиву динамикӣ, яъне дорои зиддиятҳои қонунии равнақу икишоф мебошад ва ин равнақу инкишоф ҳангоми истеъмол ва аз насл ба насл гузаштан ба таври эволюсионӣ, тадриҷан амалӣ мегардад. Дар ҳар давраи инкишофк забон дар ҷамъият майдоне ба содда намудани забон вуҷуд дорад. Ҳар фарди соҳиби забон, махсусан, шоирону нависандагон, олимону муаррихон дар асарҳои худ дигаргуниҳоеро ба системаи забон медароранд, кӣ онҳо ба мурури замон хусусиятҳои нави забонро пайдо мекунанд. Дигаргуниҳо пеш аз ҳама дар таркиби лексикӣ, овозӣ ва рафта-рафта дар сохти грамматикии забон низ пайдо мешаванд, ки он ба дигар шудани сифати забон оварда мерасонад. Дар Таърихи забон ҳамаи ин гуна тағйироту дигаргуниҳои сохти забон мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Азбаски Таърихи забон бо таърихи соҳибони забон алоқаи сахти бевосита дораду рӯйдодҳои таърихӣ ба инкишофи забон таъсири муайяне мерасонанд, масъалаҳои Таърихи забон вобаста ба воқеаҳои муҳимтарини таърихи халқ омӯхта мешавад.

Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Он ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳимоя мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигар равона шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 таъкид карданд, ки бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ бояд барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гиранд ва барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардида буд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ гардид.

Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Бо ин мақсад, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ҳар як вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар татбиқи кору вазифаҳо, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидаанд, сидқан саҳм гузошта, дар амалисозии он кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро иҷрои барнома қадами қатъӣ дар рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *