Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забони тоҷикӣ-таҷассумгари таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забони тоҷикӣ— ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад. Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тўли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст. Хушбахтона,  миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  дар радифи  дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрўзи обод оварда расонад. Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ , тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Рўзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Бинобар ин, муқаддастарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст,  поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳост, ки дар ин радиф  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам ЭмомалӣРаҳмон чунин қайд менамояд: –  «Моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣ яъне забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон ба мисли аҷдоди некноми худ бегазанд ба мерос монем». Ин дастури Пешвои муаззам қобили қабул ва боиси дастгирии умум аст. Аз ин рў вазифаи ҳар кадоми мо ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *