Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём густаришбахши соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа мебошад.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём худ ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии кишвар, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин қарор доштани инсоният таъкид гардид. Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлатро аз ин ҳам ободу зеботар мегардонад.

Дар паёми Сарвари давлат дар бораи рушди устувор сухан меравад, ки индикаторҳои он-сифати зиндагӣ; ММД-нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, дараҷаи рушди иқтисодӣ; даромад; сатҳи таваррум, дараҷаи шуғл; дараҷаи татбиқи ҳуқуқи инсон; содирот ва воридот; муътадилии экологӣ; дарозумрии ҳаёти инсонӣ; саломатӣ; ба меъёрҳо ҷавоб додани вазъи муҳити зист; дараҷаи дониш ва таҳсилот, малака; ва ғайра мебошад.

Афзудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ омили барҳам задани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мебошад. Агар мо нишондиҳандаву рақамҳоро бо замони соҳибистиқлолӣ қиёс намоем, фарқ хеле калон аст. Тоҷикистон баъд аз солҳои 2000 ислоҳоти густурдаи иқтисодиро пеш бурда истодааст. Барои ҳар фарди равшанфикр возеҳ аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ торафт коҳиш дода мешавад ва тавре дар Паём зикр гардид, «…дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд».

Аз ҳамин хотир, дар Паём раванди рушди иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар таҳлил гардида, қайд карда шуд, ки соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Тавре дар муқаддимаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ишора гардид, соли 2022 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилтарин давра ба шумор рафта, давлату кишварҳои алоҳида давраи буҳронии мураккаберо паси сар карда истодаанд. Бояд гуфт, ки ин ҳолат ҳатто барои бузургтарин кишварҳои саноативу пешрафта истисно нест.

Ба таври мисол, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки як навъ нозири иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошанд, ба буҳронҳои молиявӣ, аз ҷумла беқурбшавии асъор рӯ ба рӯ гардидаанд. Зуд-зуд дар доираи саммитҳои ҳаштгонаву бистгона андешидани тадбирҳо низ алҳол самараи дилхоҳ наовардааст. Дар чунин вазъ низоми иқтисодии ҷумҳурии мо дар ҳолати муқаррарӣ қарор дошта, қурби асъори миллии мо мусбат арзёбӣ мегардад, гуфта шудааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».

Бо шарофати сиёсати оқилонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ҷумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат муваффақона амалӣ мегардад, ки онро мантиқи Паём ифода мекард. Дар ин ҷода танҳо муттаҳидиву меҳнати софдилонаи ҳар шаҳрванди давлати мо нақш дошта метавонад. Чунин мазмун  аз оғоз то анҷоми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаро гирифтааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *