Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Шарҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022  масоили иқтисодӣ аз оғоз то ба анҷоми он нақши марказӣ дошт, ки ин бесабаб набуд. Зеро дар айни ҳол буҳрони иқтисодии комил ҷаҳонро зери таъсир қарор дода, пайомадҳои ниҳоии он барои касе маълум нест.

«Соли 2022 соли бобарор гуфта шуд, ки ин воқеият дорад. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи иқтисодӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодааст. Оқилона ва мақсаднок будани ин раванди ислоҳот сабаби он гардидааст, ки дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Омодагӣ ва тадбирандешиҳои саривақтӣ имкон дод, ки на танҳо вазъи иқтисодӣ дар ҳолати мутавозун нигоҳ дошта шавад, балки пешравиҳои иқтисодӣ низ таъмин гарданд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд».

Пешвои миллат барои он аз иқтисоди миллӣ пуштибонӣ менамоянд, ки пешрафти устувору натиҷабахши чунин иқтисодиёт кафолати таъмини зиндагии шукуфон мебошад. Таҳлилҳои Пешвои миллат дар Паём гувоҳи онанд, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хуб ба миён овардаанд.

Таҳлилҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба масъалаҳои иқтисодӣ мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи далелу рақамҳо хеле хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ- ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин ҷиҳат тавонист, ки муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад.

Яке аз самтҳои назарраси чунин ислоҳоти самаранок- ин дуруст ба роҳ гузоштани низоми молиявию бонкӣ ба ҳисоб меравад. Қурби асъори миллӣ дар мушкилтарин давраҳо дар сатҳу андозаи муайян нигоҳ дошта шуд. Андешидани тадбирҳои саривақтӣ боис гардид, ки муфлисшавии системаи бонкӣ пешгирӣ карда шавад. Давра ба давра дар шакли муназзам баланд бардоштани маош, нафақа, стипендия ва дигар пардохтҳои молиявӣ сабаб гардид, ки сатҳи камбизоатӣ новобаста ба буҳронҳои молиявӣ торафт коҳиш ёбад. Аммо тавре дар боло зикр гардид, алҳол иқтисодиёти ҷаҳонӣ низоми худро ба таври пешгӯинашаванда тағйир дода истодааст. Аз ин ҷиҳат як андоза вазифаҳову андешидани тадбирҳои иловагӣ аз назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонданд: «Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд».

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *