Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забони давлатӣ омили асосии ваҳдату ягонагии сокинони ҷумҳури ва муаррифгари давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Наимов А.А.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забони тоҷикӣ аз қадимтарин ва пурмаҳсултарин забонҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин забони шоирона, таърихи беш аз панҷ ҳазор сола дошта, ба қатори забонҳои қадимаи ҷаҳонӣ шомил мешавад. Дар тӯли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз дорад, ки инро осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит менамояд. Маҳз ин аст, ки ба ин забони беолоишу шоиронаамон фарзандони ҷонисори миллати тоҷик баҳри фурӯзон шудани забони тоҷикӣ шаҳду лаззат гирифтанаш ҳамешасаъю кӯшиш намуда, асарҳои оламшумул ба майдон гузошта ва номи тоҷиконро бо забони ноби миллӣ ба тамоми ҷаҳониён муаррифи намудаанд. Боиси тазаккур аст, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, нахустин иқдом барои расидан ба истиқлоли давлатӣ буд. Бешак, дар даврони истиқлоли навини кишвар барои рушду равнақ ёфтани забони тоҷикӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошанд. Бо ташаббуси ин марди наҷиб забони мо дар моддаи 2-юми Конститутсияи кишвар забони расмии давлатӣ шинохта шуда ва ҷойгоҳи баландро соҳиб гардидааст.

Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи хеле тӯлонӣ ва таърихӣ дорад. Гузаштаи он дар се давраи таърихи ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддини Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён марбут аст. Аз ҳамаи ин давраҳои таърих осори бисёр нодир ва арзишманд ба мерос мондааст, ки ворид шудани ин осор ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ на танҳо ифтихори ворисони забон, балки тамоми ҷаҳониён низ мебошад.

Ҳамчунин, Сарвари давлат забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта, барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифз намудани он ҳамчун арзиши миллӣ талошҳои зиёд варзидаанд. Ба хусус, аз давраи пурталотулии ҷанги шаҳрвандӣ сиёсати созандаи забонро оқилона амалӣ намуда, марҳила ба марҳила оид ба татбиқи он як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудаанд.

Дар соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расиданд. Инчунин соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Кишвар Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид, ки ин ҳама дар натиҷаи хизматҳои шоёни Сарвари давлат ба даст омадааст. Маҳз, дар ин раванд аз ҷониби Президенти Кишвар соли 2008-ро соли “Забони тоҷикӣ” эълон доштанд ва ин иқдоми беназир барои баланд бардоштани мақоми забон, рушд ёфтани он дар тамомигӯшаҳои гуногуни кишвар нақши боризи худро гузоштааст. Боиси ифтихори тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид бо ин шевои ширину шоирона сухан ронда, забони моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд.

Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мақому мартабаи баланд пайдо карда, дар бахши коргузориву эҷоди қонунҳо, соҳаҳои илму маорифу фарҳанг ва робитаҳои дохиливу хориҷии кишвар ба таври густурда мавриди истифода қарор гирифт. Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Забони модарӣ яке аз рукунҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд месозад”. Ҳукумати мамлакат ҳам бобати забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ донистааст. Имрӯз дар кишвар барои рушду инкишофи забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.Муҳимтарин манбаъ дар таблиғ ва шинохти забони адабии меъёр воситаҳои ахбори омма, радиою телевизион оинаи ҷилодори забони адабии меъёр буда, бояд беҳтарин намунаи савтиёти забонро ба мардум пешкаш намоянд. Забони рӯзномаҳо, сухани ровиёни радио ва телевизион, аҳли қалам бояд шевою гуворо ва бехато бошад.

Ҳоло бошад “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2023-2030” қабул гардидааст, ки ирои ин барнома қадами қатъи дар рушди густариши минбаъдаи забони давлатӣ нақши ниҳоят бориз дорад.

Мусаллам аст, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти забон бесобиқа мебошанд. Чунки тавонистанд баъди чандин ҳазор сол ин забони шевои шоирона аз нав зиндаву барқарор гардонанд. Сарвари давлат бо сиёсати хирадмандонаи худ 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо гузоштанд. Ин ҳодисаи фаромӯшнашаванда буд, ки марҳилаи беш аз бистсолаи татбиқи Қонуни забонро, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 22-июли соли 1989 қабул гардида буд, бо тағйиротҳо ҷамъбаст намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Забон хишти аввалини кохи миллат аст . Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст, зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шеваю шоирона мебошад”. Воқеан, донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Насли имрӯзу фардо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошад. Дар ҳамин сурат, дар тарбия кардани наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба модар, Ватан ва забони тоҷикӣ метавон муваффақ шуд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”. Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо соҳибзабонон ин аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *