Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Конститутсия – кафили таъмини адолати судӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умуми халқӣ қабул карда шуд. Он нахустин қонуни олии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардида, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос намуд. Бечуну чаро гуфта метавонем, ки имрӯз Конститутсияи мо тоҷикон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дар сафи панҷгонаи Конститутсияҳои беҳтарини дунё қарор дорад.

Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми тоҷикон буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноилгардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки “Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёди халқи Тоҷикистон мебошад”.

Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсоз бештар дарк шуда, дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар масири қариб се даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид.

Истиқлолият, ки ибтидои давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллии мо мебошад, ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ барои халқи тоҷик имкони воқеии амалӣ намудани орзуву ормонҳои гузаштагонамонро фароҳам оварда, роҳи пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Соҳибистиқлолӣ ва қабули Конститутсияи даврони истиқлолият инкишофи мустақилонаи давлатро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт.

Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад, ки мавҷудияти ин меъёр таҷассумгари ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Бояд қайд кард, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма нест. Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсиони такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонида шаванд. Хамин буд, ки се маротиба  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 сентябри соли 1999,  22 июни соли 2003 ва  22 майи соли 2016  бо тариқи раъйпурсии умуми халқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфта, дар баробари як силсила навовариҳо, барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ робитаи мустақим доштанд, заминаи муҳимми ҳуқуқӣ гузошта шуд.

Конститутсия барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд.

Эҳтиром ба қонун, ба арзишҳои олии инсон дӯстона, ба муқаддасоти миллӣ ва анъанавӣ, ки таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дигар навъҳои зоҳирёбии истеъдоди инсониро кафолат медиҳад, аз комёбиҳои умдатарини Конститутсия дар роҳи эъмори ҷомеаи шаҳрвандии хусусияти милли дошта ба ҳисоб мераванд.

Қонуни асосии кишвар барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди  иқтисодиёт, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ, маданият, фарҳанг ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки нақши суд дар Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ шуда, дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод, бо дар назардошти он, ки дар давлати демократӣ нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муҳим мебошад.Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд : – “Воқеан раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайри имкон аст”.

Имрӯз ҳокимияти судӣ мустаъқил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат менамояд. Ин талаботи Конститутсия бе восита дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як қатор Кодексу қонунҳо такмили худро ёфтааст.

Адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *