Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Таърихи парчами миллӣ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.Ш.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Парчам таърихи беш аз 3-3,5 – ҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд. Таърихи парчами сипоҳи Ориён (порсҳо, суғдиён, бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпеи Рум (асрҳои 2-1 то милод) тасвир ёфтааст.

Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри 7 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида кард. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегушагуна дида мешавад.

Дар миниотураҳои асри миёнагие, ки дар китобҳои ашъори шоирони классик ва дар «Шоҳонома»-ҳо кашида шудаанд, тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад. Дар «Шоҳнома» сурати саҳнае аз ҷанги лашкари Кайқубод бо Афросиёб омадааст. Ин ҷо дар болои тоскӯлоҳи сарбозон парчамҳои сегушаи рангашон сурху зард тасвир шудааст. Дар «Авасто» дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва дирафшҳои душманони он давлат таъкид шудааст.

Моҳи феврали соли 1974 Президиуми Шурои Олии ИҶШС қарор қабул намуда, ба ҷумлаҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами ИҶШС шабеҳи худро қабул кунанд. Парчами ҶШС Тоҷикистон 20 марти соли 1953 охирин бор таҳрир шуд. То ин дам парчами сурхи путку досдор бо навиштаҷоти тоҷикии РСС Точикистон ва Таджикская ССР дар кунҷи чапи боло истифода мешуд.

24 ноябри соли 1992 дар шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои олӣ қонун қабул кард.

Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнӣ- сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудаанд. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам-чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Пеш-пеши лашкар ва барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбози далеру шуҷоъ ва тануманду ҷасурро интихоб мекарданд, ки ӯро маъмулан парчамдор, аламбардор ва ё байрақбардор мегуфтанд. Ин вазифаи ифтихорӣ ва масъул буд, ки ба шахсони далеру ватандӯст бовар карда мешуд. Ҳар як ҷузъу томи артиш, лашкар, қисми ҳарбӣ агар ба забони имрӯза гӯем (дивизия, армия, фронт), парчами худро дошт ва ҳоло низ ҳамин тавр аст. Ҳар қалъа низ парчами худро дошт. Ҳангоми амалиёти ҳарбӣ парчам чун рамз ва нишони озодӣ, далерӣ, нангу номус ва шараф ҳифз ва эҳтиёт карда мешуд. Агар лашкар дар муҳориба шикаст хӯрад, парчами худро аз даст диҳад – чун нишони нанговару шармовар он қисми ҳарбӣ пароканда ва сарбозонаш ба қисмҳои дигар интиқол дода мешуд.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *