Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолии давлат аст.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Наимов А.А.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ – парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаем. Тазаккур бояд дод, ки тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи  дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнагун месозад.

Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.
Аҳамият ва зарурияти Парчами давлатиро ба назар гирифта, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои таҳия ва қабул гардидани Парчами давлатӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда буданд.

Санаи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.
Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
Бояд қайд намоям, ки вобаста  ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди  манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад. Дар охир аз фурсати бароям муяссар шуда, Рӯзи Парчами давлатро ба ҳамаи шумо ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон чихеле, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям». Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *