Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон шароити мусоид фароҳам овард.

Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати кӯҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24 ноябри соли 1992 асос гузошта, аз худи ҳамон сол то кунун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид ва ҳар ранг ва акси он тоҷу ситораҳо моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро дорост.

Ин аст, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуда, 24 ноябр –Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид қонунӣ гардонида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо Фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Коститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлат маҳсуб мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдустӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллб дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Парчамдориву парчамбардорӣ низ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо ба назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои махталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд. аз он гувоҳӣ медиҳад.

Давлатсозиву давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдоди мо зануз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт. ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шаклаш тағйир ёфта дар қисми болои он таҷассуми паррандаи заррин-мурғи ҳумо ҷой дода шуд ва дар бахши мураббаи он қимматтарин сангҳо насб гардидаанд.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Аз он рузе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дустиву ҳамкорӣ, аз  ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмиллаӣ гардид. Имруз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд аст, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд. Ба ҷой овардани эҳтироми парчам қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хоссаи истиқлолият. соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Имрӯзҳои моро мебояд аз парчами милли худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти ватан чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ин рӯзи муқаддас ва рӯзи таърихиро ба Шумо муҳтарам Раис ва ҳозирини гиромӣ самимона шодбош мегуям ва орзуманди онам, ки давлати соҳибистиқлоли мо ҳазорсолаҳо зери ин парчам, ки рамзи давлатдории миллиамон ба шумор меравад гул-гулшукуфон бошад ва парчами мо зери фазои сулҳу суботи комили сиёсӣ асрҳои аср парафшон бошад. Ид муборак ҳамкасбони азиз!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *