Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши занон ва бонувон дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

«Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».

( Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).

28 декабри соли 2023 дар толори калони  «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Қайд кардан мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат дар ҳар як вохӯрию суханронӣ дар мавриди рисолати воқеии занон дар ҷомеа ибрози андеша намуда, таъкид менамоянд, ки бонувон дар рушди мамлакат нақши аввалиндараҷа доранд, зеро дабистони нахустин барои фарзанд домони модар аст. Зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки занон — модарон нисбат ба тарбияи насли наврас бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, чунки онҳо насли ояндасози Тоҷикистонро ба камол мерасонанд.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки танҳо зан – модари солиму хушбахт, оқила, ҳунарманд, худшиносу ватанпарвар метавонад, ки фарзанди хубро ба воя расонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро пеш мебарад.

Бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ҳамчун Сарвари давлат ба фаъолият оғоз намуданашон ба масъалаи беҳтар намудани шароити кору зиндагии занон, баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуқтаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст.

Бо назардошти нақш ва мақоми зан дар ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 3 декабри соли 1999 ба тасвиб расид, ки дар ҳаёти занон ва ҷавондухтарон саҳифаи тоза боз намуд. Дар заминаи ин фармони тақдирсоз боз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили “Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2001 “Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2020” қабул гардиданд, ки амалӣ гаштани ин барномаҳо дар ҷомеаи мо ҳамчун омили муҳими сифати ҳиссагузории занон дар рушди устувори ҷомеа аз аҳамияти хоса ва аз манзалати олии ҳуқуқи онҳо шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо занони кишвар низ бо дарки масъулияти баланд ва сарфи неруи хеш баҳри созандагию бунёдкорӣ, бунёди оилаи солиму намунавӣ ва саҳм гузоштан дар пойдории сулҳу ваҳдати сартосари шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд.

Инчунин набояд фаромӯш кард, ки зан на танҳо модар – мураббӣ, инчунин танзимгари низоми хонавода мебошад. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зарурате пеш оварда, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ бояд қолабҳои кӯҳнаро шиканем ва дар ҷаҳони муосир бо андешаи нав қадам гузорем. Яъне занон бояд ҳамқадами замон бошанд, дар омӯзиши технологияи нав, дарку огоҳии руйдодҳои байналмилалӣ ва навгониҳои дигари рузмарра фаъол бошанд.

Модарон бояд диди муосир ба ҳаёти имрӯз ва дар тарбияи фарзанд дошта бошанд. Онҳо вазифадор ҳастанд, ки аз ахбори муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳ гарданду дар пайроҳаҳои пуртазоди ҷаҳонишавӣ фарзандонро дар роҳи рост, сарфаю сариштакорӣ ва дур аз фитнаю хурофот тарбия намоянд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *