Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём ва нақши он дар истиқлолияти энергетикӣ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар паёми имсола бисёр масъалаҳои мухиму аввалиндараҷа аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатхои миллӣ, ҳифзи озодиву истиклолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолият Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо дар солҳои истиқлолият дар кишварамон иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва монанди як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шудаанд. Дар Паёми имсола ироа карда шуд, ки «… рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст». Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *