Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши Паём дар пешрафти соҳаи маориф ва илм.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.Ш.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Агар ба муҳтавои Паёми навбати эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Қайд карда шуд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки соҳаи маориф дар фаъолияти ҳамарӯза ва ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ Ҳукумати мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта ва он барои рӯз то рӯз баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии сатҳи мухталиф бо мақсади омода сохтани мутахассисони варзида нигаронида шудааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *