Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём-соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» яке аз санадҳои муҳими сиёсӣ-ҳуқуқие аст, ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, масоили баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуъҳои меҳварӣ маҳсуб мешаванд.

Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.

Бояд гуфт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.

Чуноне Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ иброз доштанд «Конститутсия ва қонунҳое, ки давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқӣ гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақозо менамояд, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд». Бинобар ин, Парлумони мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор гардиданд, ки барои тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолии мамлакат фаъолона саҳм гузоранд. Албатта, дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат  ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон Суди иқтисодии  шаҳри Душанбе низ корро ҷоннок намудааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *