Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Чилаева Ш.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бо такя ба нуктахои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни  ироаи Паём баён гардида буд, ҳозирин иброз доштанд, ки “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.”

Ҳамчунин дар доираи 4-ҳадафи стратегии кишвар ва нақшаву  барномаҳои таҳиягардидаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ изҳори назар карда шуд. Гуфта шуд, ки “Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.”

Инчуни қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи давлатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 давлати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Дар баробари ин ҳама талошу кушишҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари давлат қадрдонӣ намуда ҳамаи кушишу ғайрати худро барои баланд бардоштани парчами давлатамон дар дигар кишварҳо сарф намояд, зеро баланд намудани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ин боиси ифтихори ҳар як тоҷикзабон аст.

Дар идома дигар мавзӯъҳои дар паём дарҷгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зимни тавзеҳи нуктаҳои муҳим ва ҷанбаҳои гуногуни паём зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат моҳияти марҳилавӣ ва барномавӣ дошта, бозгӯи марҳилаи рушди устувори  кишвар мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *