Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ПАЁМ-ДАСТУРИ СОЗАНДА.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тавре огаҳӣ дорем, санаи 28-уми декабри соли 2023 сокинони мамлакат Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азиз умедворию дилпурӣ ва эътимоди фардои орому босуботи давлатро боз ҳам қавӣ мегардонад. Чунончи дар панҷ соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат ва дар навбати аввал, бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар, хеле корҳои назаррас ба анҷом расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама Паёмҳои худ дарҷ менамоянд, ки аз ҳама соҳаи асосӣ ин маориф ба ҳисоб меравад. Зеро ҳама калрҳои ҷавон ин зинаро мегузаранд, баъд ба соҳаҳои дигари давлатдорӣ кору фаъолияти худро давом медиҳанд. Дигар соҳаи муҳими давлат ин тандурустӣ буда, барои ҳифзи саломатии халқу миллат кушишҳои беандоза ба роҳ мемонанд, агар саломатии халқу миллат ноором бошад, пас кишвар ба ақибнишинӣ рӯ меоварад. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд, ки «Саломатии миллат ин боигарии давлат аст».

Дар баробари ин ҳама талошу кушишҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари давлат қадрдонӣ намуда ҳамаи кушишу ғайрати худро барои баланд бардоштани парчами давлатамон дар дигар кишварҳо сарф намояд, зеро баланд намудани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ин боиси ифтихори ҳар як тоҷикзабон аст.

Бинобар ин вазифаи ҷонии ҳар фарди бомаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм ватанамон – Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад. Ба қадри Модар-Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлол, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда талош варзад. Дар раванди мазкур бояд масъалаҳо ва мушкилотеро, ки дар ҷомеаи муосири мо ҷой дорад, ҳамаҷониба омӯхта, роҳу усулҳои ҳалли оқилонаву одилонаи онҳоро ҷустуҷӯ намоем ва дар ин замина асосҳои бунёдии Ваҳдати миллӣ ва сохтори ҷамъиятии онро ташкил дода, фаъолияти онро устувору побарҷо гардонем.

Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2023 бо вуҷуди душвор будани вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он барои Тоҷикистон бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли бобарор ва пурфайзу бобаракат арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, изҳор шуд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ пешравиҳои назаррас ба даст омада, Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мо ҳамчунин ташаккули иқтисоди «сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имконияти содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем. Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона шуд. “Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 миллиарду 70 миллион сомонӣ равона шудааст. Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, бо ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона мешавад”, — тазаккур доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Метавон гуфт, ки бо ироа гардидани Паём ҳазорҳо нафар мардуми касбу кори гуногун оид ба дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистон маълумоти фаровон дарёфта, андешаи таҳияи нақшаву ниятҳои некро дар зеҳну зарфияти худ парвариданд. Зеро нуктаҳои ироанамудаи Пешвои муаззами миллат ҳар як шаҳрвандро ба андешаҳои созанда, рафтору кирдору пиндорҳои нек таҳрик дода, қобилияти наҷиби мафкурасозиро доро мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ – 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

Гуфтаҳои воломазмуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро боварӣ дорем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аҳли заҳмати касбу кори гуногун шиори ҳамешагии худ мехонанд ва гуфтаҳои зеринро аз Паём сидқан ва самимона қабул ва дар амал татбиқ хоҳанд кард: “Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем”.

Мо низ ба гуфтаҳои волои Сарвари давлат ҳамовозем ва саъй менамоем, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии хеш содиқ бошему нуктаҳои Паёмро, ки бахтномаи миллат аст, сармашқи кори худ қарор диҳем ва фарзанди сазовори халқу Ватани худ бошем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *