Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи сохаҳои хоҷагии халқ нақши муҳим дорад. – Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқии президенти мамлакат дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи махсус ва намоёнро ишғол намудааст, зеро дар он кулли масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ ва арзёбӣ мегарданд.  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳим дорад.

Қобили қайд мебошад,ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Яке аз меъёрҳои муҳими Конститутсияи мамлакат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” мебошад.

Мувофиқи моддаи 55 Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёри конститутсионӣ заминаи ҳамаҷонибаи қонунӣ дорад ва он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Ёдовар бояд шуд,ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи талаботи моддаи 55 ва банди 1 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба 27 апрели соли 2000 бо Паёми хеш “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд.

Ҳамин тавр, давоми бисту се сол аст,ки дар таҷрибаи давлатдории навини халқи тоҷик институти Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Зимни ироаи паёмҳои ҳарсола Роҳбарияти давлат масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз қабили масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву тандурустӣ, илму маориф,баланд бардоштани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, такмили низоми мақомоти давлатӣ ва умуман, масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ ва арзёбӣ мегарданд.

Дар Паёми навбатии худ,ки санаи 28 декабри соли 2023 баргузор гардид,Президенти мамлакат дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истода гузаштаан ва аз ҷумла қайд намуданд,ки  ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Бо ин мақсад, такроран таъкид намуданд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.

Ин дастуру супоришҳо аз он шаҳодат медиҳад,ки ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳти назорати доимии роҳбари давлат қарор дошта Президенти мамлакат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани некуаҳволии мардум саъю талоши доими доранд.

Ҳамчунин Пешвои миллат изҳор намуданд,ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Воқеан сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми мо бори дигар собит сохт,ки Тоҷикистон ва халқи он ҳамеша талабгори осоиштагиву якпорчагии давлат мебошанд ва ҷонибдори принсипҳои якдиливу адолат ҳастанд.

Гузашта аз ин, лозим ба ёдоварист,ки нақш ва мавқеъи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бузург мебошад, зеро дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, фармонҳо, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолии мамлакат, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун,тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва дар маҷмӯъ, баҳри рушду инкишофи Тоҷикистон соҳибистиқлол дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Дастуру супоришҳо ва талаботи Паёми президенти кишвар бояд,ки аз ҷониби шахсони ваколатдор саривақт, бечуну чаро ва бо сатҳу сифати баланд иҷро гарданд. Зеро дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президент,ки аз паём бармеоянд дар баланд бардоштани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ, халқи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *