Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум.-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Ш.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ва умуман, дар рушди Тоҷикистони  соҳибистиқлол нақши муҳим дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола мардуми шарифи кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизор мешаванд, зеро хуб дарк менамоянд, ки ҳар як Паём дар пасманзари худ барои шаҳрвандон башорати нек дошта, онҳоро ба ояндаи дурахшон боз ҳам наздиктар месозад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии давлат тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иқдоми хубе ба роҳ монда шудааст, ки дар заминаи дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои Президенти мамлакат бармеоянд, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо зиёд карда мешаванд. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 низ масъалаи баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳоро ба миён гузошта, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин супориш доданд:

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;

– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;

Ҳамчунин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат наздик ба 25 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳо қабул шуд, ки аксарияти ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи дастуру вазифаҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳамсозии шароит барои рӯзгори осуда ва босаодати халқ нигаронда шудааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *