Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҶояи Маҷлиси миллӣ ва Малиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ як ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олӣ аъзоёни Ҳукумат, сарварони мақомоти Олии судӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар мақомоти давлатӣ, инчунин намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум даъват карда мешаванд.

Дар Паёми Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода мешавад ва барои соли дар пешистода ва солҳои минъбада вазифагузорӣ карда мешавад.

Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, хусусияти барномавӣ дошта, роҳ ва воситаҳои рушду нумўи кишвар, масъалаҳои муҳими самтҳои асосии фаъолияти давлатро дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва сиёсиро дарбармегирад. Бинобар ин Паёми Президент барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барнома доир ба такмили фаъолияти қонунгузории ў хизмат карда, вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти иҷроия, пеш аз ҳама, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама инъикосгари пешрафти самтҳои мухталифи Ҷомеаи муосир буда, ҳар нуқтаву дастуру пешниҳодоти он ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар як Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузории кишвар, ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ роҳҳои ташаккули равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангию идеологиро муайян менамояд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат зикр шуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди муракабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушк соливу комёбиҳо, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Инчунин дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 -юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалин дараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият боз ҳам беҳтаргардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои сари вақтиро амалӣ сазанд ва ташаббусҳои соҳибкор онро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амали созии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноати имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷои корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид.

Бо дар назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем.

Дар кишвари мо ҳарсол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд.

Бинобар ин, бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва пас кардани партови газҳои гулхонагӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешавад.

Дар робита ба ин, Саридораи геология боистифода аз натиҷаҳои ба даст омадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамоянд.

Инчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Саридораи геология супориш дода мешавад, ки фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, инкишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳо ифоиданок вусъат бахшанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ  бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида Ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисодии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Дар Паёми ҳамасола дигар нуқтаҳои барои ҳаёти иҶтимоии мардум муҳим мавриди назар қарор гирифтанд, ки аз щамхорӣ ва дастгирии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон нисбат ба мардум дарак медиҳанд. Сарвари давлат иброз намуданд, ки давлат ва Ҳукумати ТоҶикистон ҳан=з аз ощози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти Ҷомеа-ҳифзи иҶтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба МаҶлиси Олӣ қайд намуданд, ки Ҷиҳати щамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар боз ҳам баланд бардоштани ҳифзи иҶтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои сущуртавӣ, меҳнатӣ, ва иҶтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҶми 30% аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шавад. Инчунин аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҶтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҶтимоӣ ва буҶетӣ, стипендияҳо 40 % зиёд карда шавад. Ҳамчунин аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024  ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҶтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар  карда швад.

Ба андешаи мо, ин ҳидояти Пешвои миллат амри заруриву саривақтист, зеро мо, кормандони Суд дар фаъолияти минбаъдаи худ низ, ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба МаҶлиси Олиро пайгирӣ намуда, дар татбиқи дастуру нишондодҳои Сарвари давлат, ки барои пешрафти Ҷомеаи демокративу  ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронда шудаанд, иқдом хоҳем кард.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *