Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо-тақозои замон-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Қонун анъана ва ҷашну маросимҳоро дар асоси дастовардҳои волои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба танзим даровард. Ин арзишҳои асили фарҳангии  миллиро бо мазмуну мундариҷаи нав ба ҷомеа пешниҳод намуда, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоскунандаи фарҳанги волои инсонӣ маънидод карда, онҳоро аз дахолати ҳар гуна андешаҳои номатлуб ва ифротӣ нигоҳ дошт.

(Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Анъана ва ҷашну маросим ҳамеша муносибатҳои иҷтимоиро танзим намуда, тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд ва ҳаёти иҷтимоии одамонро рангин мегардонанд. Ҳамзамон анъана ва ҷашну маросим дар ҳамфикрӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии миллат аҳамияти фавқуллода муҳим доранд. Мутаассифона, дар тули қарнҳо ба анъана ва ҷашну маросими кишварамон тағйироти зиёд ворид шуданд, ки боиси исрофкорию хароҷоти беҳуда ва воситаи худнамоишдиҳию шуҳратпарастии баъзе аз афрод гардиданд.

Анъана ва ҷашну маросим, мисли ҷашни зодрӯз, маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста (гаҳворабандон, мӯйсаргирон, хатнасур ва ғайраҳо), тӯйи домодию арӯсӣ (фотиҳа, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, қудоталбон, домодталбон ва ғайраҳо), маросими дафну азодорӣ (ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «чил» ва ғайраҳо), маросими ҳаҷ (ҳоҷиталабон, ҳоҷизиёрат ва ғайраҳо), рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон як низоми муайян надоштанд ва ба буҷаи ҳар як хонавода хароҷоти зиёди молиявӣ ва молиро ворид месохтанд.

Ҳарчанд баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз анъана ва ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзоёни хонавода, хешовандон ва маҳалла онҳоро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамзамон як бахши зиёди аҳолӣ ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории анъана ва ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд. Чунин исрофкориҳо ва хароҷотҳои беҳудаи молию пулӣ, пеш аз ҳама ба табақаи камбизоат ва эҳтиёҷманди аҳолӣ мушкилоти ҷиддиро эҷод мекунанд.

Бо назардошти афзудани хароҷоти баргузорнамоии анъана ва ҷашну маросимҳо, паёмадҳои номатлуби хароҷоту исрофкориҳо ба табақаҳои камбизоату эҳтиёҷманди ҷомеа ва дар асри навин гум гардидани моҳияти иҷтимоии баъзе аз меъёрҳои иҷтимоӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии мардуми шарифи Тоҷикистон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Соли 2017 ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Пас аз таҳлили ҳисоботи расмӣ, маводи илмӣ-таҳқиқотии дастрас ва мушоҳидаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки қабули ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ натиҷаҳои мусбат додааст. Ботадриҷ расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар аз байн мераванд, маблағҳои зиёд ба манфиати мардум сарфа мегарданд, харҷи мардум барои баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим то дараҷае коҳиш меёбад. Аз ҳама муҳим, сол аз сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта, вазъи зиндагонии иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҳоло ҳар як нафаре, ки барои гузаронидани анъана ва ҷашну маросим имконияти молиявӣ ва моддӣ надорад, бе хиҷолатмандӣ ба талаботи ин қонун такя ва ишора карда метавонад.

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, баҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *