Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъист.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Наимов А.А.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

  Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ноил гардидани ҷумҳуриамон ба соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус бо коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро таҳия ва дар амал татбиқ намудаанд ва ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт.

Бо мақсади тақвият бахшидан дар самти мубориза бо коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» таҳти № 875 аз 10.12. соли 1999 қабул карда шуд, ки он шаҳодати иродаи сиёсии Сарвари давлат дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия буд.

Бо гузашти вақт, вобаста ба тағйироту пешравиҳо дар  ҳаёти сиёсӣ,  иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пайдо намудани таҷриба оид ба мубориза бо коррупсия, бо назардошти таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар  ин самт, эътироф ва тасдиқи санадҳои ҳуқукии байналмилалӣ оиди мубориза бо коррупсия, бахусус Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  аз соли 2003 бар зидди  коррупсия, ки он 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон- Мачлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст ва ҷавобгӯ набудани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  ба талаботи ин санадҳо, зарурияти таҳияи қонуни нави мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ба миён омад.

Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» таҳти №100 аз 25 июли соли 2005 аз сари нав қабул карда шуд, ки ин як қадами муҳимест вобаста ба рушди қоунунгузории зиддикоррупсионӣ дар мамлакат.

Муҳимияти қабули ин санад боз дар он буд, ки он ба баҳсу мунозира дар бораи мафҳуми “коррупсия”, ки дар қабули ин қонун ба тарзҳои гуногун фаҳмида мешуд, хотима гузошт. Дар ин қонун мафҳуми “коррупсия” хеле пурра ва мукаммал баён карда шудааст, ки он ба талаботҳои Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия мувофиқ мебошад.

Вобаста ба қабули қонуни мазкур Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 95 аз 25 июли соли 2005 Қарор «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро қабул намуд. Бо ин қарор чорабиниҳои комплексӣ оиди пешгирӣ, ошкорсозӣ, фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии онхо мусоидатнамуда тасдиқ карда шуданд.

Муҳимияти проблемаҳои коррупсия ва зарурати муттаҳидсозӣ ва ҷалби тамоми шоҳаҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия,  ташаккули фазои тоқатнопазир ба зуҳуроти коррупсионӣ ва мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни оммаи васеи аҳолӣ, ҳамоҳангсозии ҳамаи қувваҳо оиди муқовимат бо коррупсияро ба назар гирифта ва ба мақсади муайян намудани  дурнамои фаъолият  дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008  № 34 Барномаи давлатӣ – Стратегияи мубориза бо коррупсия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 (минбаъд Стратегия) қабул қабул карда шуд.

Ба таҳияи лоиҳаи Стратегия кормандони Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷалб карда шуда, тадқиқотҳои илмӣ ва сотсиологӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт ба назар гирифта шуд.

Вазифаҳои Стратегия аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон  ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия, амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ; ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқобилият бо  коррупсия; васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия; ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; тавсеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия  иборат мебошад.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *