Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Тақвият бахшидан ба фаъолият дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия.-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Роҳбарияти сиёсии кишвар таҳти сарварии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ноил гардидани Ҷумҳуриамон ба соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус бо коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро  таҳия ва дар амал татбиқ намудаанд ва ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома  ёфта истодааст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999  № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхӯрӣ)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт.

Таҳияи чораҳои комплексии ташкилию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба пешгирии самаранок ва муассир, ошкор ва бартараф кардани коррупсия, ташкили муборизаи судманди он дар сатҳи баланди касбӣ нигаронида шудаанд. Ҳамзамон ба татбиқи чораҳои пешгирикунанда диққати махсус  дода мешавад, ки ба баланд бардоштани фаъолнокии аҳолӣ дар мубориза бо коррупсия, фароҳам овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия ва бартараф сохтани сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи он равона гардидааст.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин муддат ду маротиба санади барномавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, №34 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2021 таҳти №222 Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуданд.

Раванди тақвият бахшидан ба фаъолият дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ба мақсади паст намудани сатҳи он дар кишвар идома дорад ва ин бешубҳа ба рушду нумӯи мамлакат, баланд бардоштани обрую эътибори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат хоҳад кард.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *