Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мақсад ва вазифаҳои асосии амалисозии Стретагияи муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд Стратегия) ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрванӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр бояд чунин тадбирцо роҳандозӣ карда шудаанд: муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия; баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шацрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия; бо дарназардошти пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ; муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия; пешбинӣ кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлати он; муайян намудани тартиби назорати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ; тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия; муайян кардани шаклҳои баҳодиҳии вазъи коррупсия дар ҷумҳурӣ; баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионк ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт; ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия; муайян, ошкор ва кофтукови даромадои бо роци ҷиноят бадастоварда ва мусодираи он, тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт; такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ; татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар доираи уцдадорицои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *