Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Самтҳои асосии Стретагияи муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (минбаъд – СҲИР) пешниҳод менамояд ва то инҷониб коршиносони СҲИР чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст. Конвенсияи СММ зидди коррупсия тартиби ҳамаҷонибаи таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд.

Дар заминаи меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки ба паст кардани хавфҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ равона карда шудаанд, тавсияҳое, ки аз ҷониби СҲИР дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои Шабакаи мубориза зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дода шудааст, тавсияҳои дигари созмонҳои байналмилалие, ки дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, мувофиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии қаблӣ то ба имрӯз дар сатҳи миллӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардидааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *