Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

5- октябр рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Нозир референти суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шехов С.А.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забони модариам-давлати ман,
Ғуруру ифтихору қудрати ман.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,
Забони ман нишону миллати ман.

Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ – арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст».Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо – соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт, фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар замони муосир таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона покии забони шевои тоҷикиро халалдор месозад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан, наврасону ҷавонон бояд сатҳи забондонӣ ва маданияти нутқи худро пайваста баланд бардошта, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширини модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ кӯшиш карда, забонҳои хориҷиро ба хотири рушди илм аз худ намоянд. Бояд дар хотир дошт, ки ҳадаф аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *